Таҳминаро баъди як моҳ ёфтанд, вале на зинда
Пас аз як моҳи ҷустуҷӯ, рӯзи 7-уми март, ҷасади Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи 21-солаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ёфт шуд.
Ӯ дар оғози моҳи феврал бенишон шуда буд ва тамоми ин муддат волидонаш бо умеди пайдо кардани Таҳмина ҷустуҷӯро идома медоданд.
Акси ӯ дар Инстаграми Радиои Озодӣ зиёда аз 2 миллион бор дида шуда, шахсони зиёде ба ин кофтукоб шарик гаштанд.
Атохӯҷа Шарифов, падари Таҳмина, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш мақомоти интизомӣ ба онҳо хабар доданд, ки...