Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва ИМА
Низомиёни Горди миллии Вирҷиния ва ҳамтоёнашон аз Тоҷикистон дар як даври омӯзишии муштараке иштирок карданд. Дафтари матбуоти Горди миллии Вирҷиния рӯзи 5-уми март навишт, ки давраи омӯзишӣ рӯзҳои 2 то 6-уми феврали имсол дар госпитали ҳарбии шаҳри Душанбе барпо гардид ва дар ҷараёни он роҳи расонидани ёрии оҷили тиббӣ ба ҳангоми амалиёти низомӣ ва аз майдони ҷанг берун бурдани маҷрӯҳон намоиш дода шуд.
Дар машқҳои панҷрӯза, ки дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкориҳои давлатии миёни Вирҷиния ва Тоҷикистон барпо гардид...