"Касе лозим аст, ки оромиш орад." Трамп дар бораи раҳбари ояндаи Эрон
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳибааш бо нашрияи Axios гуфт, мехоҳад дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон шахсан нақш дошта бошад.
Трамп гуфт, ҷойгузини эҳтимолии оятулло Алии Хоманаӣ, ки рӯзи 28-уми феврал дар амалиёти ҳарбии Амрико ва Исроил кушта шуд, писари ӯ Муҷтабо Хоманаӣ аст, вале ишора кард, ки ӯро дар ин мақом дидан намехоҳад.
"Барои ман писари Хоманаӣ қобили қабул нест. Ба мо оне лозим аст, ки ба Эрон оромишу сулҳ меорад", -- гуфт Доналд Трамп.
Ӯ афзуд, таъйини шахсеро, ки самтгириҳои сиёсии Алии Хоманаиро идома медиҳад...