Барканории чанд мансабдор дар Мастчоҳ дар пайи шикояти сокинон
Раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дар бораи сабаби ин тағйир сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март чизе нагуфта, аммо хабар додааст, ки ба ҷойи онҳо шахсони “кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд”.
Барканории раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки чанд моҳи охир сокинон аз бадрафтории нозирони роҳ ва дигар кормандони мақомоти интизомӣ шикоят доштанд.
Дар як наворе, ки рӯзи 3-юми март корбарон аз ноҳияи Мастчоҳ фиристоданд...