Трамп аз нерӯҳои Эрон хост, силоҳҳои худро ба замин гузоранд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз низомиён, афсарони полис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон даъват кард, ки силоҳҳояшонро ба замин гузошта, аз пуштибонии рӯҳониёни ҳоким дар ин кишвар даст кашанд. Дар иваз, ба қавли Трамп, ба онҳо "масунияти комил" аз ҳар гуна ҷазо ваъда мешавад.
"Мо ҳар соат мушаку паҳподҳои Эронро маҳв мекунем. Касе бовар намекард, ки бо чунин суръат аз байн бурдани онҳо имкон дорад... Мо низомиёни нерӯмандтарин дар рӯйи олам дорем. Нерӯи баҳрии Эрон аз байн бурда шуд.