Эрон мегӯяд, барои ҳар гуна амалиёти заминӣ омода аст
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 5 март гуфт, ки кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, ки чунин иқдоме барои душманони Ҷумҳурии исломӣ "фоҷеабор" хоҳад буд.
Дар ҳоле, ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барои онҳо як фоҷеаи бузург хоҳад буд".
Чанд соат пеш аз ин изҳороти Аббос Ароқчӣ, Доналд Трамп...