Расонаҳо: ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус" 12 март эълон мешавад
Қарор аст ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус"-и Маскав рӯзи 12-уми март эълон шавад. Дар ин бора Даниэл Готе, вакили дифои ҷабрдидаҳо рӯзи дуюми март ба хабаргузории русии ТАСС иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, мурофиа дар Додгоҳи шаҳрии Маскав хоҳад гузашт ва ҳукми гумонбарон дар ҳузури хабарнигорон ва мардум эълон мешавад.
Мақомоти Русия ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодаанд.
Аммо хабаргузориҳои русии РИА Новости ва ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки додситонӣ ба 15 нафар аз гумонбарон ҳабси абад талаб кардааст.