Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Эрон кушта шудаанд
Мақомоти Эрон эълон карданд, ки раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ва вазири дифоъ дар ҳамлаи Амрико ва Исроил кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, Абдулраҳим Мусавӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва Азиз Насирзода, вазири дифоъ рӯзи шанбе дар ҷараёни мавҷи аввали ҳамла ба Эрон ҷонашонро аз даст доданд.
Дар ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил чандин мақоми баландпояи Эрон, аз ҷумла Роҳбари Ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ, Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ...