"Фавран Эронро тарк кунед". Ҳушдори Чин ва чанд кишвари аврупоӣ
Дар пайи зиёд шудани эҳтимоли даргирӣ миёни Амрико ва Эрон, чанд кишвари аврупоӣ ва Чин аз шаҳрвандонашон хостанд, ки фавран Эронро тарк кунанд.
Аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Итолиё 27-уми феврал дар баёнияе аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз Эрон бароянд ва аз сафар ба Ироқ ва Лубнон худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ҳам рӯзи ҷумъа аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки бо далели вазъияти пуртаниш дар Ховари Миёна, фавран Эрон, Исроил ва Лубнонро тарк кунанд.
"Вазъияти амниятӣ дар Ховари Миёна нопойдор аст.