Билл Клинтон ба суолҳо дар бораи парвандаи Эпштейн посух дод
Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида дар робита ба парвандаи сармоягузори расвошуда Ҷеффри Эпштейн дар назди кумитаи Конгресс шаҳодат дод.
Клинтон рӯзи ҷумъаи 27-уми феврал дар ин ҷаласа гуфт, дар вақти муносибат бо Эпштейн ҳеҷ чизеро надид, ки ӯро нигарон карда бошад.
Ҷаласаи кумитаи Конгрес бо Билл Клинтон паси дарҳои баста баргузор шуд, аммо президенти собиқи Амрико матни суханрониашро нашр кард.
Дар ин матн Билл Клинтон навиштааст, дар бораи ҷиноятҳои Эпштейн чизе намедонист....