Эълони фоизи қарзи бонкҳои Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри баҳра ё фоизи қарзҳо дар моҳи январи имсолро нашр кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, меъёри миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ феълан 23,87 дарсад аст. Баҳраи қарзҳои истеъмолӣ каме болотар ва 24,39 дарсад будааст.
Фоизи солонаи қарзҳои ипотекӣ барои хариди манзил 19,69 дарсад нишон дода шудааст. Ҳамчунин Бонки миллӣ мегӯяд, баҳраи миёнаи пасандоз дар бонкҳои кишвар каме бештар аз 12 дарсад аст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аввали моҳи феврали имсол аз...