Чаро тоҷирони тоҷик ба кишвари ҳамсоя мераванд?
Теъдоди корхонаҳо бо сармояи соҳибкорони тоҷик дар Узбекистон давоми се моҳи ахир 53 адад зиёд шудааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Узбекистон, феълан дар ин кишвар 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд. Моҳи ноябри соли гузашта, теъдоди ин корхонаҳо 357 адад буд.
Омори расмии Узбекистон нишон медиҳад, ки баъди соли 2024 ҳузури соҳибкорони тоҷик дар кишвари ҳамсоя рӯ ба афзоиш аст.
Барои намуна, аввали соли 2024 дар Узбекистон ҳамагӣ 278 корхона бо сармояи тоҷикистониҳо кор...