Додгоҳ ду тоҷирро барои боло бурдани нарх ҳабс кард
Пулиси Душанбе мегӯяд, ду тоҷир барои гарон фурӯхтани гӯшт, бо қарори додгоҳ панҷ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум шуданд.
Ба иттилои расмӣ, Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов қаблан барои муътадил нигоҳ доштани нарх расман огоҳонида шуданд, аммо боз ҳам "дидаву дониста гӯштро ба шаҳрвандон бо нархи баланд" фурӯхтанд.
Назари ин ду соҳибкор ба қазия маълум нест. Пулиси Душанбе нагуфтааст, ки ин ду нафар гӯштро чанд сомонӣ зиёдтар аз нархи бозор ба савдо гузоштанд.
Пулиси Душанбе бо нашри ин хабар аз тоҷирони маҳсулоти хӯрокворӣ талаб кардааст...