Медали тилои Виктор Рассадин дар Гран-при дар Минск
Виктор Рассадин, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи Гран-при дар риштаи гуштии озод ба хотираи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Александр Медвед, ки рӯзҳои 20-22-юми феврал дар шаҳри Мински Беларус доир гардид, медали тило ба даст овард.
Ин гуштигири 32-сола дар рақобатҳо дар вазни то 70 кило ҳамаи рақибонашро мағлуб карда, ба финал баромад. Вай дар даври ниҳоӣ ба варзишгари 20-солаи русиягӣ Максим Ли пирӯз шуда, бо медали тило сарфароз гашт.
Рассадин то финал дар даври аввал Ислом Кажаровро аз Русия...