Раҳбари пешини Куриёи Ҷанубиро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд
Дар Куриёи Ҷанубӣ раисҷумҳури пешин Юн Сок Ёлро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Додгоҳе дар Сеул рӯзи 19-уми феврал ӯро ба ташкили ошӯб ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ гунаҳкор донист.
Юни 65-сола иттиҳомҳоро рад кардааст. Ӯ гуфт, президент ҳақ дорад қуюди ҳарбӣ ҷорӣ кунад ва он замон барои он ки ҳизбҳои сиёсӣ пеши роҳи кори ҳукуматро нагиранд, чунин қарор қабул кард.
Ҳодиса моҳи декабри соли 2024 рух дод. Пас аз ихтилофҳои тӯлонии президент бо мухолифон дар порлумон, Юн Сок Ёл вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт...