Додгоҳи Чеченистон ба бозбинии ҳукми Зарема Мусоева ризоят дод
Додгоҳи олии Чеченистон аризаи Зарема Мусоева, модари мухолифони ҳукумат – бародарон Абубакр ва Иброҳим Янгулбоевҳоро дар бораи бозбинии ҳукмаш қонеъ кард.
Дар ин бора “Гурӯҳи зидди шиканҷа”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, хабар дод. Додситон ҳам дархости вакилони мудофеъро барои бекор кардани ҳукм ҷонибдорӣ намудааст. То мурофиаи нави додгоҳӣ Мусоева дар боздоштгоҳ мемонад.
Ин зани 55-соларо моҳи августи соли 2025 бо иттиҳоми ҳамла ба корманди зиндонҳо ба 3 солу 11 моҳ маҳбаси сукунатӣ маҳкум карданд.