Намояндагони Осиёи Миёна вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ки дар нишасти фавқулодаи Гурӯҳи тамоси намояндагони вижаи Осиёи Миёна дар бораи Афғонистон, роҷеъ ба вазъияти кунунии ин кишвар ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ шудааст.
Ин нишаст рӯзи 16 феврал дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд. Ҳеч намояндае аз Афғонистон дар он ҳузур надоштааст.
Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон омадааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва боркашонӣ аз тариқи Афғонистон ва низ амнияти минтақавӣ...