Додситон гуфт, 405 тан баъди гузоштани "лайк" муҷозот нашуданд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 405 нафар дар зери маводҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аломати писанд ё "лайк" гузоштанд, аммо бар асоси қонуни нав аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кул 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати ин афрод эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ татбиқ ва "онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд".
Моҳи майи соли 2025 ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шуд. Ангушт задан ба аломати "писанд"...