"Қанди порсӣ"-ро ба Нигина Амонқулова ва ду нафари дигар додаанд
Ҷоизаи имсолаи "Қанди порсӣ", ки барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ дода мешавад, имсол насиби овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико Майкл Берӣ ва адабиётшинос аз Афғонистон Латиф Нозимӣ гаштааст.
Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шуд.
Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар Лондон, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Нигина Амонқулова барои таронаҳояш...