Ифшои беш аз 240 миллион сомонӣ зарар танҳо дар як шуъбаи БДА
Танҳо дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 240 миллион сомонӣ, баробар ба 25 миллион доллар, зарари молӣ ошкор шудааст.
Ин рақамро намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.
Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод, гуфт: "Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Барои бе расмиятдарории гумрукӣ ба қайд гирифтан ва додани...