Додситон: Баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд робитаҳо бо Чинро вайрон кунанд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъзе гурӯҳҳо дар Афғонистон мехоҳанд бо ҳамла ба коргарони чинӣ муносибати Душанбе ва Пекинро вайрон кунанд.
Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд, вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин?".
Додситони кулли Тоҷикистон аз ягон гурӯҳи мушаххас ном набурд ва танҳо гуфт, "ин куштор...