Қамчибек Тошиев баъди барканорияш ба Бишкек баргашт
Қамчибек Тошиев баъд аз се рӯзи барканорияш аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаби 13-уми феврал ба Бишкек баргашт. Тарафдоронаш мегӯянд, шояд ӯ нишасти хабарие барпо кардаву ба саволҳо дар бораи таҳаввулоти охирин посух диҳад.
Тошиев дар Олмон буд ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ӯ дар ин кишвари аврупоӣ табобат мегирифт.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал фармони аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод кардани ин ҳампаймонашро имзо кард. Вай гуфт...