Додситони кул задухӯрд дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард
Додситони кулли Тоҷикистон вуқӯи задухӯрд миёни маҳкумшудагон ва кормандони Боздоштгоҳ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, дар ин ҳодиса се маҳкумшуда кушта ва кормандони боздоштгоҳ захмӣ шудаанд.