Вазири адлия нагуфт, ки дар Боздоштгоҳи Хуҷанд чӣ гузашт
Вазири адлияи Тоҷикистон тирпарониро дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ чанд кушта дошт, шарҳ надод.
Музаффар Ашӯриён рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ бе тасдиқ ё инкори ҳодиса гуфт, посухи ин суол дар салоҳияти онҳо нест.
Ин дар ҳолест, ки зиндону боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон тобеи Вазорати адлия аст.
Чанд ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи...