"Тоҷикстандарт" ба тоҷирон ҳушдор дод, ки ба наврасон "энергетик" нафурӯшанд
Оҷонсии "Тоҷикстандарт" аз тоҷирон талаб кардааст, ки дигар ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои нерӯбахш ё ба истилоҳ "энергетик" нафурӯшанд.
Ба иттилои мақомот, тибқи муқаррарот харидории ин навъи нӯшокиҳо танҳо барои шахсони аз 18-сола боло иҷозат аст.
Масъулин аз афзоиши истифодаи нӯшокиҳои нерӯбахш махсусан миёни ҷавонон ва наврасон нигаронӣ кардаанд.
Ин нӯшокиҳо аксаран барои рафъи хастагӣ ва гирифтани нерӯ истифода мешавад.
Аммо ба таъкиди муттахассисон, истифодаи он фақат барои калонсолон ва рӯзе як бор мумкин буда...