"Камнамо" шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳадсу гумон барангехтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ному навораш қариб ҳар рӯз ҳангоми боз кардани роҳу корхона, мактабу кӯдакистон, шинондани дарахту тамошои боғ, маҷлиси ҳукумат ё имзои қонуну амру фармон нашру пахш мешуд, қариб ду ҳафта боз дар маҳзари ом дида нашудааст.