Қамчибек Тошиев ва се муовинашро аз мансаб барканор кардаанд
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, ки номаш дар пайванд ба баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, аз мақом барканор карда шудааст.
Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал имзо кард.
Сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишт, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа (ҷудоӣ) нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”...