Дар Шаҳринав омӯзгороне, ки ҳаҷ кардаанд, ҳаққи раҳбарӣ надоранд
Дар ноҳияи Шаҳринав омӯзгороне, ки сафари ҳаҷ ё умра кардаанд, дигар ҳақ надоранд дар вазифаҳои раҳбарии мактаб фаъолият кунанд ва ё ҳатто раҳбари синф бошанд.
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав ахиран дар мулоқот бо хабарнигирон гуфт, 70 омӯзгор аз ин ноҳия ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси исломӣ дар Арабистони Саудӣ рафтаанд.
Вай аз он интиқод кард, ки аксари ин муаллимон дар дарсҳо ба хонандагон ба ҷойи барномаи дарсӣ, аз зиёрати худ қисса мекунанд, ки ба гуфтаи раиси ноҳия, дуруст нест. Ба таъкиди ӯ...