"Камолиддини Беҳзод ҳунари миниатюраро ба чизи дигаре табдил дод"
Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал сабки суратнигории Камолиддини Беҳзод, яке аз мусаввирони бузурги мардуми форсизабонро ба мероси ғайримоддӣ ва фарҳангии ҷаҳон шомил кард. Аммо дар зодгоҳаш дар Ҳироти имрӯз, ки Толибон дар он фармонфармоӣ мекунанд, на намоишгоҳе мондааст ва на ҷое, ки пайравони ҳунари миниатюрнигории ӯ озодона кор кунанд.
Ҳирот, ватани Беҳзод, наққоши маъруфи мардуми форсизабон аст. Чандсад сол баъд аз сари ӯ ҳунармандони ин шаҳр аз эътирофи сабки Камолиддини Беҳзод ба ҳайси...