Шумори афзуни қурбониёни ҳамла ба масҷиди шиаён дар Исломобод. Э.Раҳмон таслият гуфт
Дар натиҷаи яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои маргталабона дар як масҷиди шиаёни Покистон, ки рӯзи 6 феврал рух дод, дастикам 31 ширкатдори намози ҷумъа ба ҳалокат расид.
Ин ҳамларо яке за пурқурбонитарин дар давоми солҳои охир меноманд. Мақомот гуфтанд, ки инчунин 170 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар масҷиди Тарлай дар канораҳои Исломобод рух дод. Дар наворҳои видеоие, ки баъди ин ҳамла нашр шуданд, ҷасадҳои зиёди кушташудаҳо дида мешавад.
Ирфон Мемон, як намояндаи мақомоти маҳаллӣ бо нашри изҳороте гуфт...