Тоҷикистон пайвастан ба созмонҳои БРИКС ва Авруосиёро “ҳатто дар сатҳи нозир баррасӣ намекунад”
Масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва БРИКС ҳоло дар дастури кори сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор надорад ва баррасӣ намешавад.
Чунин изҳоротро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон баён кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар нишасти хабарие оид ба натиҷаҳои кори ВКХ дар соли 2025 гузориш медод, гуфт, “Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои узви иттиҳоди Авруосиё ва БРИКС дар доираи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкории танготанг...