Афзоиши “лирика” ва “кристал” дар Тоҷикистон. Ноогоҳӣ ё ҳаваси ҷавонон?
Раёсати корҳои дохилии Хатлон рӯзи дувуми феврал бо нашри як навор аз боздошти ду гурӯҳе хабар дод, ки дар Кӯлоб ба фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла моддаи сахттаъсири метамфетамин ё кристал машғул будаанд. Дар Душанбе ҳам се нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шуданд.