Тоҷикистон қасд дорад ба Белгия муҳоҷири корӣ фиристад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои бештар кардани роҳҳои муҳоҷират, бо 15 кишвар тақрибан чиҳил ҳуҷҷат имзо кардаанд.
Аз ҷумла, бо Белгия, Чин ва Туркияву Ҷопон санади ҳамкорӣ оид ба муҳоҷират имзо шудааст.
Мақомоти Вазорати меҳнат рӯзи сеюми феврал аз имзои ёддошти тафоҳум бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Идораи муҳоҷирати Белгия хабар доданд.
Санади мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба кишварҳои БЕНИЛЮКС - Белгия, Нидерландия ва Люксембург муҳоҷири корӣ фиристад. Бар асоси ин санад муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ...