Таъсиси хазинаи филизоти нодиру серхаридор дар Амрико
Таъсиси захираи филизоти нодир бо сармояи 12 миллиард доллар дар Амрико арзиши саҳмияи ширкатҳои истихроҷи маъданро дар бозори бурс якбора боло бурд.
Ин сармоягузориро охирин талоши Вашингтон медонанд, ки барои пешгирӣ аз он чизе, ки мақомдорон онро “дасткории Чин дар нархи маъдани литиум, никел, металҳои нодир ва дигар маъданҳои муҳим” меноманд, равона шудааст.
Боло рафтани нархи ин металҳои нодир солҳо боз монеи рушди ширкатҳои истихроҷи маъдан дар Амрико шудааст. Саҳмияҳои ду ширкати амрикоӣ, аз ҷумла “Минералҳои нодири Амрико”...