Тими миллии футзали Тоҷикистон ба чорякфинали Ҷоми Осиё роҳ наёфт
Тими миллии футзали Тоҷикистон, ки зери раҳбарии Пайрав Воҳидов бозии севумашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, аз ҳаққи ширкат дар плей-оффи мусобиқа маҳрум гашт.