Мақомоти Покистон мегӯянд, 145 ҷангҷӯро дар Балучистон куштанд
Мақомоти Покистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар ҷараёни як амалиёти низомии 40-соата дар вилояти Балучистон 145 ҷангҷӯро куштанд.
Даргириҳо пас аз силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи ҷудоиталабони балуч оғоз шуд, ки дар онҳо даҳҳо нафар ҷон доданд. Сарфароз Буғтӣ, намояндаи ҳукумати ин вилояти ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон гуфт, ки дар ҳамлаҳои ҷангҷӯён 17 маъмури неруҳои интизомӣ ва 31 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагарон дар либоси мулкӣ вориди шифохонаву мактаб ва бозорҳо шуда, ба...