Добавить новость

Вазир: 9 ҳазор хонандаи мактаб аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд

Соли гузашта зиёда аз 9 ҳазор хонандагони мактаб аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд ва дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин оморро Вазири маорифи Тоҷикистон 30-юми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ баён кард. Ба гуфтаи вазир Раҳим Саидзода, “ҳамаашонро зери назорат гирифтем, инҳо фарзандони мо ҳастанд, вақте муроҷиат карданд ҷобаҷо кардем”. Бо тағйири сиёсати муҳоҷират дар Русия тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ҳам ба мактабҳо душвортар шуд. Ҳоло онҳо бе супурдани имтиҳони забони русӣ ҳаққи таҳсил надоранд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта