Мақомот мегӯянд, гӯшти воридотӣ ҳалол аст. Сокинон шубҳа доранд
Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар посух ба шубҳаҳои сокинон дар бораи гӯшти воридотӣ мегӯяд, ин навъ маҳсулот ҳалол ва ба талабот ҷавобгӯ аст.
Ҳоло гӯшти Белорусия ва Муғулистон ҷойи гӯшти маҳаллиро дар бозорҳои Душанбе гирифтааст. Пайдо кардани гӯшти чорвои маҳаллӣ мушкил аст. Сокинон ҳам зоҳиран ба ин вазъ одат кардаанд. Баъзеҳо аз нархи дастрас ситоиш мекунанд. Як кг гӯшти Беларус 75 ва гӯшти маҳаллӣ аз 100 сомонӣ бештар аст.
"Созанд гуштҳо, сифатошон нағз аст. Фарқ надорад. Кадомеаш...