Дар шаҳри Деҳнав шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорат раҳо кардаанд
Хадамоти Амнияти Миллии Узбекистон гуфт, ки маъмурони амниятӣ, як шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорати як сокини шаҳри Деҳнав раҳо кардаанд.
Дафтари матбуоти кумита рӯзи 26-уми январ дар як барномаи телевизионӣ хабар дод, ки гумонбар дар ҷиноят, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки зоҳиран ҳамкораш аз ӯ қарздор будааст, гаравгон гирифта азобу шиканҷа додааст.
Дар барнома гуфта мешавад, ки сокини 32-солаи шаҳри Деҳнав, ки қаблан ҳам ҷиноят кардааст, як ҳамсоли худ аз шаҳри Душанберо гаравгон гирифтааст. Ин ҷавон ҳамкори марди 37-солае аз Душанбе будааст...