Дар Тоҷикистон барои 100 ҳазор нафар мактабу синф сохтаанд, вале нокофӣ
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2025 дар кишвар барои тақрибан 100 000 муҳассил мактаб ва ё синфхонаҳои нав сохтаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 23-уми январ бо нашри баёнияе аз ҷараёни нишасти солонаи ҳукумат навиштааст: “Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.”
Дар Тоҷикистон, ки солона то 250 ҳазор тифл ба дунё меояд, норасоии мактабу кӯдакистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.