Додгоҳи Маскав як зодаи Тоҷикистонро ҳабс кард
Додгоҳе дар вилояти Маскави Русия як зодаи Тоҷикистонро, ки ба куштани навраси рус муттаҳам аст, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора додситонии вилояти Маскав хабар додааст.
Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад ба он муттаҳам мешавад, ки 18-уми январ баъди як муноқиша навраси 18-соларо русро бо корд ба ҳалокат расонд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух дод.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф дар дохили автобус баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда шуда...