Маҳмурод Одинаевро дар зиндони Ваҳдат танбеҳи сахт додаанд
Фарзандони Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ иддао доранд, ки мақомоти зиндони Ваҳдат, падари маъюбашонро бесабаб ва як моҳ дар ҳуҷраи танбеҳӣ (ШИЗО) нигаҳ доштаанд.
Писараш Ҳабибулло Ризоев рӯзи 22-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падарашро чаҳор рӯз пештар аз ҳуҷраи танбеҳӣ ба утоқи маъмулии зиндон овардаанд. Ӯ афзуд, падараш дар сӯҳбати телефонӣ аз онҳо хостааст, ки ба сардори Раёсати маҳбасҳо дар вазорати адлия нома навишта пурсанд, ки сабаби ба ҳуҷраи танбеҳ бурдани ӯ чист.