Дар Қазоқистон 81 муҳоҷири тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, аз сабаби сардии шадид ва бехатар набудани роҳҳо автобуси ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар яке аз роҳҳои вилояти Акмалинский манъ карда, худашонро ба меҳмонхона бурдаанд. Дар миёни ин афрод 17 кӯдак низ будааст.
"Ин нафарон барои кӯмак ва дастгирӣ ба наҷотдиҳандагон миннатдорӣ карданд", - гуфтанд мақомоти Қазоқистон.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва инки онҳо ба куҷо мерафтанд маълум нест.