Толибон: афроди кушташуда дар марзи Тоҷикистон қочоқбар буданд
Ҳукумати Толибон хабар дод, ки ба таҳқиқи кушта шудани чор нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сар кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба сомонаи маҳаллии “Салом Ватандор” гуфтааст, “мо ин мавзуъро таҳқиқ дорем, вале маълумотҳои аввалия ин аст, ки чанд тан аз қочоқбарони одӣ ҳастанд, ки шояд маводи мухаддирро интиқол медоданд ё ягон чизи дигарро мамнуъро”.
Изҳороти сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки Неруҳои марзбонии Тоҷикистон афроди кушташударо “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” гуфта буданд.