Кумитаи амният гуфт, дар марз бо Афғонистон чаҳор террористро куштанд
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, бомдоди имрӯз дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чаҳор узви як созмони террористиро маҳв кардаанд.
Дар баёнияи кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18 январи соли 2026, тахминан соати 00:30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар... минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки...