Занозании додситони шаҳри Бӯстон ва молики як тарабхонаи Хуҷанд
Ҳангоми занозание миёни додситони ноҳияи Бӯстон ва молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд тирпаронӣ сар зада ё садои тирандозӣ шунида шудааст. Ҳодиса шаби 22 ба 23-юми декабр сурат гирифта, ҷузъиёти он танҳо акнун дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ ва додситонии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон ва молики маркази дилхушии “Парламент” Парвиз Ашӯров сар задааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон...