Марги ду наврас аз дуди ангишт
Як духтари 15-сола дар шаҳри Ваҳдат аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса 14-уми январ рух дар деҳаи Зарафшон рух додааст.
Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, духтари ҳалокшуда ҳамроҳи хоҳараш дар утоқ мехобиданд ва шабона аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. «Апаашро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурданд ва аҳволи ӯ хуб аст», - гуфт манбаъ.
Ин ягона ҳодисаи заҳролуд шудани сокинон дар як ҳафтаи ахир нест. Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд...