Дар Тоҷикистону ду нерӯгоҳи офтобӣ месозанд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дода гуфтааст, созишнома бо ширкати “Аён Энерҷӣ” 13-уми январ дар Душанбе имзо шуд.
Ба қавли манбаъ, иқтидори ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ 500 мегават хоҳад буд ва марҳилаи наве дар рушди энергияи сабз аст. Дар назар аст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун сохта шавад.
Дар хабари расмӣ омадааст, “нерӯгоҳи барқӣ офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург” сохта мешавад.