Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷакарта се бозии санҷишӣ мекунад
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта - се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), тими миллии футзали кишвар дар Ҷакарта дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон (16-уми январ), Индонезия (18-уми январ) ва Арабистони Саудӣ (20-уми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунад.
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст.