Ҷузъиёти марги додрасе, ки аз 9-ум ошёна афтод
Бо гузашти ду рӯз аз марги додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедзода мақомот расман марги ӯро шарҳ надодаанд. Додситонии шаҳри Душанбе сабаби марги ӯро тафтиш дорад. Додраси тоҷик, рӯзи 13-уми январ аз баландии ошёнаи нуҳум афтода, ба ҳалокат расид.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо пайкари додрасро шаби ҳамон рӯз ва пас аз ташхис барои хоксупорӣ ба Бадахшон бурдаанд. Замони ҳузури хабарнигорони мо дари хонаи Ҷамшедзода, воқеъ дар ошёнаи нуҳуми маҳаллаи маъруф ба Гулистони Душанбе баста буд.